Тоҷикдухтаре, ки соҳибони забони англисиро мағлуб кард
“ФУРӮҒ” силсилабарномест, ки аз ҳаёту рӯзгор ва таҳсили ҷавонони муваффақи тоҷики дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон буда, қисса мекунад.
Меҳмони нахустин Аслигул Тиллохонова, тоҷикдухтар, зодаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аст, ки дар Озмуни байналмилалии “Беҳтарин донандагони забони англисӣ ва забони арабӣ” дар Донишгоҳи “Ал-Азҳар”-и шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср ширкат намуда, дар миёни 43 давлати дунё баррандаи мақоми аввал гардид.
Ӯ аз хурдӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ шавқ дошта, соли 2017 Донишгоҳи давлатии Бохтарро бо ихтисоси тарҷумони забони англисӣ хатм кард. Ҳамон сол Аслигул дар шаҳри Вашингтони Амрико дар барномаи “Flex” иштирок карда, миёни 35 давлат ҷойи 3-юмро соҳиб шуда буд, ки ин оғози масири комёбиҳои ин духтараки куҳистонии забондон буд.
Биёед, асрори муваффақиятҳои Аслигулро аз забони худаш шунавем.