Тухфасупори дар Шахринав
Навид Тухфасупори дар Шахринав
Гузориш
Дар боғи фарҳангии ба номи Н.Маъсумии нохияи Шахринав чорабинии тантанавӣ бахшида ба 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Акрамзода ва кормандони касбу кори гуногун бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор шуд.
Нахуст Рохбарияти ноҳияи Шаҳринав Носирзода Ҷаббор дар бораи дасовардҳову пешравиҳо ва аз созандагию бунёдкориҳои дар сӣ соли Истиқлолият ба даст омада дар ноҳия суханронӣ намуда, ҳамаи сокинони ноҳияро бо ин ҷашни муҳиму таърихӣ самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо, сулҳу амонӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва бахту саодат орзу намуд.
Акрамзода Юсуф сокинони ноҳияи Шаҳринавро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президент