ПОДПОЛКОВНИКИ ТОҶИК БАЙЗО ҶАЛОЛОВРО ДАР ОРОМГОҲИ АСОСИИ АРТИШИ РУСИЯ БА ХОК СУПУРДАНД

Подполковник Байзо Ҷалолов, фарзанди генерал-майори тоҷик Абдуҷамол Ҷалолов, ки дар саффи артиши Русия хидмат мекард ва дар Украина кушта шуд, рӯзи 26 августи соли 2023 бо иҷрои як маросими хос дар оромгоҳи асосии артиши Русия – Оромгоҳи федералии ёдгорӣ “Пантеони ҳомиёни Ватан” (Федеральный военный мемориал «Пантеон защитников Отечества), воқеъ дар километри чоруми шоҳроҳи Осташковское, дар канори шаҳри Митишии вилояти Маскав ба хок супурда шуд. Ин пантеон бузургтарин оромгоҳи ҳарбӣ дар Русия буда, дар ихтиёри вазорати мудофиаи он кишвар қарор дорад ва дар он асосан афсарони баландпояеро, ки барои Русия хидмати арзанда кардаанд, ба хок месупоранд. Афроди наздик ба хонаводаи Ҷалоловҳо ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки подполковник Байзо Ҷалолов нахустин афсари зодаи Тоҷикистон аст, ки дар ин оромгоҳ дафн карда шуд. Онҳо ҳамчунин хабар доданд, ки Байзо Ҷалоловро ду маротиба ба Украина фиристоданд: Бори аввал ӯ зиндаву бардам баргашт, вале дафъаи дуюм ҷисми беҷонашро дар тобут оварданд.
Back to Top