Mavrigi bukhoro band - Ансамбли мавриги. Бухоро
“Mavrigi“ ensemble from Bukhara, Mavrigi folk music concert, lyrics:
Оҳ гула бурданд ба ҳарам, булбула бурданд ба чаман
Оҳ гула бурданд ба ҳарам, булбула бурданд ба чаман
Он сиё холест ки бар рухсори ҷонони ман аст
Ханҷари мижгони ӯ пайваста бар ҷони ман аст
Носеҳон беҳуда мегӯянд, ки дил бардор аз ӯ
Ман ба фармони дилам, кай дил ба фармони ман аст?
Гуфтам, эй ширинсухан ошиқ макуш, кам ноз кун
Гуфт: ошиқ мекушам, чанд рӯзи даврони ман аст
Гуфтам эй нозук, сар бар гарданат мори сиёҳ
Гуфт кай мор аст, ки он кокулпарешони ман аст
Аҳмади Ҷомӣ зи ишқат сӯхт гар монанди шамъ
Нури ин шамъи азал он моҳи тобони ман аст
Сафеди ман, гули барги беди ман
Ороми ҷони ман шумо,
Сарви равони ман шумо
Мӯрчамиёни ман шумо
Рафтем раҳи дуродуре
Овардем ниҳоли гуле
Ниҳоли гул аз куҷое
Аз чорбоғи Мирзогуле
Мирзогули бебокаме
Ту ангуру ман токаме
Дилакам дилбаракам ҳой ту ширинлабакам
Дар боғ анҷир аст, мо надонистем
Дарҳо занҷир аст, мо надонистем
Сиёҳи гарданат кокула дораде
Баёзи гарданаш охула дораде
Ягон ҳарфи баде бар ту нагуфтаме
Чаро чашми ту гирён аст гули мане
Лоларуху суманбару сарви равони кистӣ е?
Сангдилу ситамгару пистадаҳони кистӣ?
Ба ҳар чаман расидаӣ, наргиси маста бастаӣ
Нархи шакар шикастаӣ, ширинзабони кистӣ?
Зулфи каманди ту маро кард асири бенаво
Наргиси масти ту маро кард асири бедаво
Холи сиёҳ нишондаӣ дар лаби чашмаи бақо
Банда ба холи мушкинат кард маро асириҳо
Ороми ҷони ман шумо, номеҳрубони кистӣ?
Ҳоло мурғак бале, бечора мурғак бале
Яқин обакро баста буд, кадом обакро баста буд
Обак алавро кушта буд, кадом алавро кушта буд
Алав тайёра сӯхта буд кадом тайёра сӯхта буд
Тайёр сагатро кӯфта буд, кадом сагатро кӯфта буд
Сагат мурғакро хӯрда буд, кадом мурғакро хӯрда буд?
Ҳамон мурғи чӯҷадори болосурхе, ки Бобунбахши ризо
Ки Бобунбахши ризо ба ёри худ нархи қиммат харида буд
Ҳоло мурғак бале, бечора мурғак бале
Шоҳ медонад, гадо медонад
Ҷамъи уламо медонад
Ҷамъи патдӯзо медонад
Ҷамъи зардӯзо медонад
Би мехчагаро медонад
Би сӯзангаро медонад
Чуқурмаҳаллаям медонад
Би Шафтолузор медонад
Ҳай, чӯҷа моли ман, чӯҷа моли ман
Ман моли чӯҷа
Сихпар нашуда медавад ба кӯча е
Ҳоло мурғак бале, бечора мурғак бале