mavrigi Buxoro_6

“Mavrigi“ ensemble from Bukhara, Mavrigi folk music concert Себу анорам Шумо, ёраки ман Шумо Лайлу наҳорам Шумо, ёраки ман Шумо Бӯи баҳорам Шумо, ёраки ман Шумо Нури шарорам Шумо, ёраки ман Шумо Гули хандонам Шумо, ёраки ман Шумо Куфри имонам Шумо, ёраки ман Шумо Гули хандонам Шумо, ёраки ман Шумо Ба дил гумонам Шумо, ёраки ман Шумо Барқи мунаввар шавад меҳраки ёрам Шамсу ё қамар шавад меҳраки ёрам Мулки муқаррар шавад меҳраки ёрам Мушки муаттар шавад меҳраки ёрам Давои дилдор шавад меҳраки ёрам Насими баҳор шавад меҳраки ёрам Гули беозор шавад меҳраки ёрам Ба дилам мадор шавад меҳраки ёрам Ошиқонро бигузор, биноланд ҳамин, Маслиҳат нест, ки замзама хомӯш кунам ман Ман ки нагӯям ба дарди дили ман гӯш кун, эй ёр Беҳтар он аст, ки ин қисса фаромӯш кунам ман Дилдор ба ман гуфт «Ту да чӣ ғамгинӣ, ғамгинӣ, ёр Дар банди кадом дилбари ширинӣ, ширинӣ», ёр Баргаштаму ойина ба дасташ додам, ёр. Ҳамоне ҳамоне Гуфтам ки дар ойина киро мебинӣ, мебинӣ, ёр
Back to Top