ОХИРИН РӮЗ | АТОУЛЛОҲИ МАННОНӢ | آخرین روز

#NajmTV #НаҷмТВ БА ДИГАРОН РАСОНЕД, ТО ДАР БАЛАНД БУРДАНИ САТҲИ МАЪРИФАТУ АХЛОҚИ МИЛЛАТАМОН САҲМ ДОШТА БОШЕД. ОХИРИН РӮЗ | АТОУЛЛОҲИ МАННОНӢ | آخرین روز Чун субҳ кардӣ, мунтазири шом мабош, гӯё танҳо имрӯз зиндагӣ хоҳӣ кард, на дирӯзе, ки бо хубу бадаш тамом шуда ва на фардое, ки ҳанӯз наомадааст. Имрӯз фақат рӯзи туст, умри ту фақат як рӯз аст, гӯё имрӯз ба дунё омадаӣ ва имрӯз хоҳӣ мурд. Таваҷҷӯҳ ва талоши худро фақат сарфи имрӯз бигардон! Пас имрӯз бояд намози дурусту хошеъона бихонӣ ва бо тадаббур қуръонро тиловат кунӣ, бо ҳузури дил ба зикр бипардозӣ, корҳоро санҷида анҷом диҳӣ, ахлоқи зебо ироа намоӣ, ба тақдир ва қисмати хеш розӣ
Back to Top