“Агар ман президент мебудам...“
Агар 27-сола нашудаед ва хидмат накардед, мумкин аст, дар оянда агар хидмат кардан нахоҳед, 28 ҳазор сомонӣ месупоред ва қонунӣ аз ин уҳдадории ҳатмӣ озод мешавед. Дар Тоҷикистон чанде пеш қонуне қабул шуд, ки ба шумо ҳақ медиҳад, ба буҷаи давлат пул супореду ба артиш наравед. Баҳси зиёд дар ин бора дар вебсайти Радиои Озодӣ идома дорад ва мебинем, ки мардум дар ин бора чӣ мегӯянд.