Ҷашну тантанаи футбол дар кишвари Тоҷикистон идома дорад
Мунтахаби мамлакати моро то фатҳи қуллаи мақсуди таърихӣ боз як имтиҳони ҷиддӣ дар пеш аст.
Дар рақобат бо тими миллии Яман футболбозони тоҷикро танҳо пирӯзӣ қаноат хоҳад дод, то барои аввалин бор дар таърих ба мусобиқаи Ҷоми Осиё-2019 роҳи худро рӯшан кунанд.
Тоҷикистон – Яман
Замон: 14-уми ноябри соли равон соати 16:00.
Макон: Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор.
Пас биё, ай ҳамватан то ҳама якдилу яктан аз футболбозони номовари худ пуштибонӣ намоем.