Фарзонаи Хуршед - Шармандаги © Сурудҳои тоҷикӣ

Бародарон ва хоҳарони муҳтарам, шумо бо дидани ин гуна аксхо ва наворҳо, бояд ба хуллосае оед, ки ҳамаи инҳо коршои шайтон мебошанд. Бо комментарияҳои худ, мо уро аз ин роҳ дур кардан наметавонем, (дар саҳифахои онҳо инстаграм ва дигар..) лекин уро шавқманд менамоед, чун ки аз тамошои мову шумо онҳо бахра мебаранд ва худро аз ин ҳам зиёдтар нишон медиханд. Ин САРВАТМАНДҲО ва подшоҳоне, ки аз мақоми худ истифода мебаранд, касоне хастанд, ки худованд роҳати онҳоро дар ҳамин дунё додааст, маишату роҳати онҳо ҳаминҷоаст, ҳамон лаҳзае, ки ҷон аз баданашон баромад, онҳо дар азобанд. Мо дар ин дунё ба мисли як гусфанде мебошем, дар роҳ равонем, вақте офтоб гарм мешавад дар зери як дарахте барои дам гирифтан менишинем ва лаҳзае дам гирафта баромада меравем. барои хамин қадар лаҳза мешавад, ки асбоби маишат омада кунем, ёки худро барои баргаштан тайёр бифармоем. Ин суханонро ононе меписанданд, ки аз дунё огох бошанд. Умедворем, ки мисолҳои овардаи моро фаҳмида бошед.
Back to Top