30 июня 2022 г.

Аз дӯст махоҳ ғайри дидорашро Бифкан зи назар маоиби корашро. Мебош чу занбӯр, ки бар гул чу расад Гирад асалашрову ниҳад хорашро. Абулқосими Ҳолат Дӯст машмор он ки дар неъмат занад, Лофи ёриву бародархондагӣ. Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст, Дар парешонҳоливу дармондагӣ. Саъдии Шерозӣ Боғе, ки дар он оби ҳаво равшан нест, Ҳаргиз гули якранг дар он гулшан нест. Ҳар дӯст ки ростгӯю якрӯ набувад, Дар олами дӯстӣ кам аз душман нест. Муҳаммад Фарухи Яздӣ
Back to Top