ҲАДИСИ 8- ДАХЛНОПАЗИР БУДАНИ ХУНИ МУСУЛМОН ВА МОЛИ Ў | ЧИЛ ҲАДИСИ АН-НАВАВӢ

ҲАДИСИ ҲАШТУМ ДАХЛНОПАЗИР БУДАНИ ХУНИ МУСУЛМОН ВА МОЛИ Ў الحـديث الثـامن « أمرت أن أقاتل الناس » 8 — عَنْ ابْنِ عُمَرَ رَضِيَ اللهُ عَنْهُمَا أَنَّ رَسُوْلَ اللهِ صَلَّى الله عليه وسلم قَالَ : أُمِرْتُ أَنْ أُقَاتِلَ النَّاسَ حَتَّى يَشْهَدُوا أَنْ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللهُ وَأَنَّ مُحَمَّداً رَسُوْلُ اللهِ، وَيُقِيْمُوا الصَّلاَةَ وَيُؤْتُوا الزَّكاَةَ، فَإِذَا فَعَلُوا ذَلِكَ عَصَمُوا مِنِّي دِمَاءَهُمْ وَأَمْوَالَـهُمْ إِلاَّ بِحَقِّ الإِسْلاَمِ وَحِسَابُهُمْ عَلَى اللهِ تَعَالىَ [رواه البخاري (25) ومسلم(22) ] Аз ибн Умар رضي الله عنه, ривоят аст, ки расули Аллоҳ ﷺ, гуфт: «Ба ман фармуда шудааст, ки бо мардумон ҷанг кунам, то гувоҳӣ диҳанд, ки нест ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад расули Аллоҳ аст; ва то он, ки намоз барпо доранд ва закот бидиҳанд. Агар чунин кунанд, хунҳо ва молҳои худро аз ман боз хоҳанд дошт, магар он чи ба ҳаққи ислом собит шавад ва ҳисоби эшон бар Аллоҳи Таъалост. Ин (ҳадис)-ро ал-Бухорӣ 25 ва Муслим 22 ривоят кардаанд.
Back to Top