Аҳмад Зоҳир

Имшаб аз бода харобам куну бигзор бимирам, Ғарқи дарёи шаробам куну бигзор бимирам. Қиссаи ишқ ба гӯши мани девона чӣ хонӣ? Бас кун афсонаву хобам куну бигзор бимирам. Гарчи ишқи ту саробист, фиребандаву сӯзон, Дилхуш, ай маҳ, ба саробам куну бигзор бимирам. Зиндагӣ талхтар аз марг бувад, гар ту набошӣ, Баъд аз ин мурда ҳисобам куну бигзор бимирам.
Back to Top