6 ШАРТ ИТОАТ, БАР ЗИДДИ НОФАРМОНБАРДОРИ ШЕЙХ АБДУЛЛА ИБН ИБРИН

Ва аммо шарти шашум бошад, пас ин итоат аст, ва маънояш - фармонбардори аст. Фармон бардори, яъне итоат кардан ба амрҳои Аллоҳ таъала бе эътироз ва бе тардид (шак) аз аломатҳои тавҳиди содиқ: ончие, ки ба ӯ аз ибодат амр шавад ва ончиеро, ки ӯ аз вай фаҳмад, пас ба дурусти ӯ ба он итоат мекунад ва таслим мешавад, гарчанд агар ин барояш қин бошад. Ва далел барои ин ончие, ки аз саҳобагон рӯй медод, Аллоҳ аз онҳо рози бошад, аз онҳо маълум аст, ки онҳо ба ҳамаи амрҳои Аллоҳ итоат мекарданд, хоҳ онҳо майда бошанд ё калон, ва бетардид (шак) анҷом медоданд ончиеро, ки ба онҳо амр мешуд, балки онҳо шитоб мекарданд амрҳои Аллоҳи покро, анҷом диҳанд. Ин далел аст ба он, ки дар қалбҳои онҳо имон мавҷуд буд, онҳо моликияти худро фидо мекарданд, ва дар роҳи Аллоҳ сарф мекарданд. Ҳангоме муҳоҷирон ба тарафи онҳо ҳиҷрат мекарданд, онҳое бо худ моликият надоштанд, онҳо кушиш мекарданд вайҳоро дилдорикунад, ва аз молкияти худ ба онҳо диҳанд. Ҳатто баъзеи аз онҳо таёр буданд бо яке аз ду занҳояшон ҷудо шаванд, то ки ба онҳо яке аз муҳоҷирон издивоҷ кунад. Ва инчунин мегуфтанд: “тақсим мекунем моликиятамонро байни худ ва байни бародарони муҳоҷиронамон“. Ва инчунин аз итоатҳои онҳо - ин итоатҳои вайҳо аст дар ҷангҳо. Ва агар, ки онҳо кушта шаванд, онҳо медонистанд, ки дар роҳи аллоҳ кушта мешаванд, ва ин ки онҳо “Зиндаанд, ва аз назди парвардигорашон ризқ мегиранд أَحۡیَاۤءٌ عِندَ رَبِّهِمۡ یُرۡزَقُونَ (3:169) Барои ҳамин ҳаёти онҳо барояшон бе қадр мешавад, вақте мефаҳманд, ки дар ин аст (ончие, ки пештар зикр шуда буд) саодатмандии онҳо. Аллоҳ Азза ва Ҷалла гуфт: ۞ وَمَن یُسۡلِمۡ وَجۡهَهُۥۤ إِلَى ٱللَّهِ وَهُوَ مُحۡسِنࣱ فَقَدِ ٱسۡتَمۡسَكَ بِٱلۡعُرۡوَةِ ٱلۡوُثۡقَىٰۗ وَإِلَى ٱللَّهِ عَـٰقِبَةُ ٱلۡأُمُورِ Ҳар ки рӯ ба Аллоҳ оварад таслим шуда ва накукор бошад, ба ростӣ, ки ба дастовези муҳкаме чанг задааст ва саранҷоми корҳо ба сӯйи Аллоҳ аст [Луқмон: 22] Ва маънои ба аллоҳ рӯ оварда таслим шуд, яъне итоат (инқиёд) кард, ва ӯ мӯҳсин ва муваҳҳид аст. Ва ҳар касе рӯ ба Аллоҳ оварда таслим нашуд вай мӯҳсин (накӯкор) нест: ба дурусти вай ба дастовези муҳкаме чанг на задааст. Ва ин аст маънои он бо сухани Аллоҳ Азза ва Ҷалла: баъди ин (аяҳ) وَمَن كَفَرَ فَلَا یَحۡزُنكَ كُفۡرُهُۥۤۚ إِلَیۡنَا مَرۡجِعُهُمۡ فَنُنَبِّئُهُم بِمَا عَمِلُوۤا۟ۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِیمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ Ҳар ки куфр варзад, куфраш туро ғамгин насозад. Бозгашти онон ба сӯи Мост, он гоҳ аз он чи кардаанд, огоҳашон месозем. Бе тардид, Аллоҳ аз [рози] дилҳо огоҳ аст [Луқмон: 23] فَلَا وَرَبِّكَ لَا یُؤۡمِنُونَ حَتَّىٰ یُحَكِّمُوكَ فِیمَا شَجَرَ بَیۡنَهُمۡ ثُمَّ لَا یَجِدُوا۟ فِیۤ أَنفُسِهِمۡ حَرَجࣰا مِّمَّا قَضَیۡتَ وَیُسَلِّمُوا۟ تَسۡلِیمࣰا На! Савганд ба Парвардигорат, ки онон имон намеоваранд, магар ин ки дар ихтилофоташон туро довар қарор диҳанд ва аз доварии ту дар дили хеш эҳсоси нороҳатӣ накунанд ва комилан таслим бошанд [Ан-Ниса’: 65] عَنْ أَبِي مُحَمَّدٍ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عَمْرِو بْنِ الْعَاصِ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا، قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صلى الله عليه و سلم “لَا يُؤْمِنُ أَحَدُكُمْ حَتَّى يَكُونَ هَوَاهُ تَبَعًا لِمَا جِئْتُ بِهِ“. حَدِيثٌ حَسَنٌ صَحِيحٌ، رَوَيْنَاهُ فِي كِتَابِ “الْحُجَّةِ“ بِإِسْنَادٍ صَحِيحٍ. Аз Абу Муҳаммад Абдул-лоҳ ибни Амр ибни Ас, ра-зия-л-Лоҳу анҳу, нақл аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ ﷺ,
Back to Top