Шамси ману худои ман - شمس من و خدای من

Шамси ману худои ман - شمس من و خدای من Пири ману муриди ман, дарди ману давои ман, Фош бигуфтам ин сухан Шамси ману худои ман. Аз ту ба Ҳақ расидаам эй ҳақи ҳақгузори ман, Шукри туро ситодаам, Шамси ману худои ман. Мот шавам зи ишқи ту з-он ки шаҳи ду оламӣ, То ту маро назар кунӣ, Шамси ману худои ман. Маҳв шавам ба пеши ту, то ки асар намонадам, Шарти адаб чунин бувад, Шамси ману худои ман. Шаҳпари Ҷабраилро тоқати он куҷо бувад, К-аз ту нишон диҳад маро, Шамси ману худои ман. Ҳотами Тай куҷо, ки то бўса диҳад рикобро, Вақти сахову бахшиш аст, Шамси ману худои ман. Исӣ мурда зинда кард, дид фанои хештан, Зиндаи ҷовидон туӣ, Шамси ману худои ман. Абр биёву об зан Машриқу Мағриби ҷаҳон, Сур будам, ки мерасад Шамси ману худои ман. Ҳури қусурро бигў: рехт бурун бар аз биҳишт, Тахт бинеҳ, ки мерасад Шамси ману худои ман. Қаъбаи ман, куништи ман, дўзахи ман, биҳишти ман, Мўниси рўзгори ман, Шамси ману худои ман, Барқ агар ҳазор сол чарх занад ба Шарқу Ғарб, Аз ту нишон кай оварад, Шамси ману худои ман. Наъраи ҳу
Back to Top